ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Баҳодур Усмонов, муштзани номовари тоҷик пирӯзии навбатияшро дар мусобиқаи IBA Kunlun Fight World Cup ба даст овард.
Ин рақобат дар Пкин доир шуда, Усмонов дар чорякфинал бо муштзани чинӣ, собиқ чемпиони WBC Asia Ван ЛеКуанро шикаст дод.
Намояндаи Тоҷикистон аз аввали набард ӣо ҳамлаҳои сангин нишон дод, ки зӯри майдон аст ва бо идомаи чунин фишор ба ҳариф роҳе нагузошт ва билохира бо қарори доварон пирӯз шуд.
Мубориза дар вазни 63,5 кг сурат гирифт.
Муштзани тоҷик дар баробари пирӯзӣ ҳамзамон 20 ҳазор ҷоизапулӣ низ ба даст овард.
Бо ин пирӯзӣ намояндаи кишвар ба даври нимниҳоии World Cup роҳ ёфт, ки ҳоло замони баргузории чорабинӣ ва ҳарифи оянда мушаххас нашудааст.
Ин вохӯрӣ қисми як Кубоки ҷаҳонии аслӣ буд, ки IBA бо ҳамкорӣ бо ташкилоти намоёни рингӣ дар Чин Kunlun баргузор кард.