Дар Тоҷикистон ҳудуди 2000 нафар "Диктанти ҷуғрофӣ" навишт.

Ҳудуди ду ҳазор сокини Тоҷикистон дар “Диктанти ҷуғрофӣ”, ки дар 16 макон дар кишвар баргузор шуд, ширкат ва донишҳои ҷуғрофии худро санҷиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон чорабинии солонаи таълимии “Диктанти ҷуғрофӣ” баргузор шуд.
Лоиҳа дар кишвар соли 7-ум аст, ки амалӣ мешавад. Соли 2024 дар он тақрибан 2 ҳазор сокинон ширкат карданд, хабар медиҳад Хонаи Русия дар ҷумҳурӣ.
Ин чорабинӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бӯстон, Кӯлоб, Бохтар, Исфара, Турсунзода ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.
Дар маҷмӯъ дар 16 макон, аз ҷумла маркази захиравии "Русия бо шумо", "Хонаи русӣ" дар Хуҷанд, мактабҳои русӣ-тоҷикӣ, гимназияҳои хусусӣ, мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо ташкил карда шуданд.
Роҳандозии “Ҳафтаи риёзӣ, физика ва информатикаи русӣ” дар Тоҷикистон - видео
Мушаххас мешавад, ки диктантро на танҳо мактаббачагон ва донишҷӯён, балки ҳамватанони рус, инчунин иштирокчиёни лоиҳаи башардӯстонаи "Муаллими рус дар хориҷа" навиштаанд.
Санҷиш аз 40 савол иборат буд. Ҷавобҳои дуруст 10 декабр нашр мешаванд ва рӯзи 12-ум натиҷаҳои инфиродӣ маълум мешавад.
"Диктанти ҷуғрофӣ" як чорабинии байналмилалии таълимӣ буда, аз ҷониби Ҷамъияти ҷуғрофии Русия ташкил карда шуда, аз соли 2015 ҳамасола баргузор мешавад.
Ин бузургтарин чорабинии таълимии ҷуғрофӣ дар ҷаҳон буда, дар 11 ҳазор макон баргузор мешавад.
Дар диктанти ҷашнии географӣ 118 мамлакат иштирок доранд. Ҳадафи лоиҳа оммавӣ кардани донишҳои ҷуғрофӣ, инчунин баланд бардоштани таваҷҷӯҳ ба илм ва мероси миллӣ мебошад.