Раҳмон ба Суғд меравад: Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар вилоят

Мақомоти БДА дар бораимаҳдуд шавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе шоҳроҳу кӯчаҳои шаҳру навоҳии Суғд хабар дода, хостори истифодаи роҳҳои шафатӣ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад.
Ин дуввумин сафари кишвардор тайи якуним моҳи ахир ба вилоят аст. Қарор аст президент сатҳи омодагиҳо ба фасли зимистонро бисанҷад ва корхонаву биноҳои навсохтро ба истифода диҳад.
Дар робита ба ин мақомоти БДА-и вилоят аз се рӯзӣ роҳбандии бархе аз роҳҳо эълон кардааст.
Ҳамин тариқ, рӯзи 17-уми ноябр кучаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Аминҷон Шукуҳии шаҳри Хуҷанд, кучаҳои марказии ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, кӯчаҳои маркази деҳаи Зархалоли ҷамоати Якатол ва хиёбони Исмоили Сомонии шахри Истаравшан муваққатан баста мешавад.
Аз бунёди корхона то пайвастан ба низоми ягонаи энергетикӣ: Раҳмон аз пешравиҳои Суғд гуфт
Рӯзи 18-уми ноябр бошад, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров, кучаҳои Раҳмон Набиев, 75-солагии Ғалаба, Саноатчиён, Бобоҷон Ғафуров ва Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон, кӯчаи Ҳобилов, роҳи нақлиётгарди Деҳмой-Конибодом, ҳудуди шаҳраки Ғафуров, кучаи Исмоили Сомонии ноҳияи Бобочон Ғафуров ва кӯчаҳои Бобочон Ғафуров, Абдусаттор Юсупови ҷамоати Исфисори ин ноҳия баста мешавад.
Санаи 19-уми ноябр роҳбандӣ дар роҳи роҳҳои Гулистон-Додобой, Холматов-Хуҷанд, кӯчаҳои Сирдарё, 60-солаги октябр, 25-солагии истиқлолият то маҳаллаии сеюми шаҳри Хуҷанд, кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, роҳи мошингузари Хуҷанд-Ғафуров, кӯчахои марказии шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон сурат мегирад.
Мақомоти БДА аз шаҳрвандон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки дар вақти маҳдуд шавии ҳаракат дар кӯчаву роҳҳои зикргардида ҳаракати худро аз тариқи роҳҳои ҳамшафат идома диҳанд.