Раҳмон имзо кард: Тоҷикистон ба як иттиҳоди байналмилалӣ шомил мешавад

Иттиҳод ягона ташкилоти ҷаҳонии дорои фонди махсуси маблағгузории лоиҳаҳое мебошад, ки ба ҳифз ва нигоҳдории набототу ҳайвоноти нодир равона шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ ҳамроҳ мешавад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон фармони дахлдорро имзо кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Президент Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ҳамчун мақоми ваколатдори миллӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ муваззаф кардааст, ки Тоҷикистонро дар Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ намояндагӣ намояд.
Маблағи аъзоҳақии солона ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти пардохт карда мешавад.
Ҳамзамон ба Вазорати корҳои хориҷа дастур шудааст, ки бо тартиби муқарраргардида маҳфуздорандаро оид ба ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии мазкур огоҳ созад.
Раҳмон Фонди Иқлими Сабзро ба кумаки кишварҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим даъват кард
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, зиёда аз 1400 ташкилоти давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ аз 170 кишвари ҷаҳон узви Иттиҳоди зикршуда мебошанд.
Ин Иттиҳод масъалаҳои вобаста ба ҳифзи гуногунии биологии сайёраро баррасӣ карда, тадбирҳои сиёсӣ ва амалҳоро оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таҳия ва татбиқ менамояд, лоиҳаҳои самти мазкурро дастгирӣ менамояд.
Ҳамчунин, созмони мазкур маълумот дар бораи вазъи табиати кишварҳои гуногун ва рӯйхати намудҳои олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои мухталифи ҷаҳонро барои ҳифзи махсус пешниҳод менамояд.
Таъсир расонидан, ҳавасманд кардан ва кумак намудан ба ҷомеаи саросари ҷаҳон дар ҳифзи гуногунии биологӣ ва таъмин намудани истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ - аз ҳадафҳои асосии иттиҳод ба ҳисоб меравад.
Ба асоси тавзеҳоти котиботи раисҷумҳур, шомил шудан ба Иттиҳоди ба Тоҷикистон имкониятҳои дастрасӣ ба маблағҳои Фонди глобалии экологӣ ва Фонди Иқлими Сабз, инчунин дастрасӣ ба фонди махсуси набототу ҳайвоноти ба руйхати ҷаҳонии сурх шомилшударо фароҳам месозад.