Сафари гардишгарони Тоҷикистон ба Озарбойҷон афзоиш ёфтааст

Бар асоси омори Агентии давлатии Озарбойҷон танҳо дар моҳи октябр шумораи сайёҳон аз Тоҷикистон, ки барои истироҳат ба Озарбойҷон омадаанд, 61% афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Сайёҳон тоҷикистонӣ барои сафар бештар Озарбойҷонро интихоб карданд.
Дар ин бора маълумотхои агентии давлатии Озарбойҷон хабар додааст.
Тибқи омори ин ниҳод, танҳо дар моҳи октябр 689 шаҳрванди Тоҷикистон ба Озарбойҷон сафар кардаанд. Гуфта мешавад, ки афзоиш дар як сол 61%-ро ташкил додааст.
Дар маҷмӯъ, дар давраи аз соли 2017 то соли 2023 беш аз 18,1 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумҳурӣ дидан кардаанд.
Агентии давлатӣ қайд кардааст, ки дар маҷмӯъ дар моҳи октябр аз Озарбойҷон беш аз 16,5 нафар гардишгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 31% зиёд аст.
Мақомот: То имрӯз ба Тоҷикистон аз 127 кишвари ҷаҳон сайёҳ ворид шудааст
Ҳамин тариқ аз Озарбойҷон, ҳудуди 8,1 ҳазор нафар аз Қазоқистон (+42%), Узбакистон – беш аз 3,7 ҳазор (+18%), Туркманистон – тақрибан 3,1 (+31%) ва Қирғизистон – 790 (+29%) дидан кардаанд.
Аз аввали сол то кунун ҳудуди 150 ҳазор сайёҳон аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба Озарбойҷон сафар кардаанд. Ин рақам нисбат ба соли 2023 38% зиёдтар будааст.