ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Кормандони милитсияи пойтахт вобаста ба фуруши машрубот ва тамоку ба ноболиғон дар марказҳои савдо рейдҳо гузаронданд, иттилоъ додааст Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
ВКД таъкид кардааст, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ноболиғон фурухтани машрубот ва маҳсулоти тамоку қатъин манъ карда шудааст.
“Мутаассифона ҳастанд баъзе аз соҳибмулкони марказҳои савдо, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати ночизе даст ба ин амали нангин мезананд”, - қад кардааст ВКД.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, танҳо давоми як ҳафтаи баргузории рейду амалиётҳои санҷишӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, 103 далели фурӯши машрубот ва маҳсулоти тамоку ба ноболиғон ошкор карда шудааст.
Зикр гардидааст, ки нисбати чунин афрод протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд.
Таъкид гардидааст, ки дар ҳолати такроран содир намудан, нисбати чунин фурӯшандагон тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ то 15-шабонарӯз татбиқ мегардад.
Дар ҳамин ҳол чанде пеш пулиси шаҳри Душанбе хабар дод, ки аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, се ҳолати ба ноболиғон фурухтани машрубот ва маҳсулоти тамоку ошкор шудааст.
Аз ҷониби пулис се шаҳрванд боздошт шудаанд. Онҳо дидаву дониста ба шахси баръало ноболиғ чунин маҳсулотро ба фурӯш гузоштаанд.
Нисбати ин се нафари боздоштшуда протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримандӣ шуданд.