Дар Хатлон 808 коргоҳу корхонаи гуногуни истеҳсолӣ фаъолият мекунад

Дар доираи эълони панҷсолаи рушди саноат дар вилояти Хатлон сохтмонӣ 500 корхонаву коргоҳи гуногун ба нақша гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Аз соли 2022 то имрӯз, беш аз 325 корхонаи гуногун бунёд гардид, иттилоъ додааст Pressa.tj дар истинод ба Ҷамшед Маҳмуродзода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Ба гуфтаи вай дар доираи барнома 327 корхона бунёд гардид.
“Дар соли 2022-ум 144, соли 2023-ум 119 ва дар даҳ моҳи соли равон, 69 корхонаи гуногун сохта ба истифода дода шудааст”,- қайд кардааст мақомдори тоҷик.
Ба таъкиди вай дар доираи панҷсолаи рушди саноат, то соли 2026-ум сохтмони беш аз 170 коргоҳу корхонаи дигар дар назар аст.
Вай илова кард, ки феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 808 коргоҳу корхонаи гуногуни истеҳсолӣ фаъолият мекунад.
Аз бунёди корхона то пайвастан ба низоми ягонаи энергетикӣ: Раҳмон аз пешравиҳои Суғд гуфт
Аз ҳама бештар коргоҳу корхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Восеъ, Ховалинг, Ёвон ва Муъминобод корхона бунёд шудааст.
Қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар, Шералӣ Кабир хабар дода буд, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 729 корхонаи нав ба кор шуруъ карда, дар ин миён 550 корхонаи саноатӣ нишондоди сифрӣ пешниҳод намудаанд.
Бештари чунин корхонаҳо дар вилояти Хатлон буда, шумори онҳо ба 151 адад мерасад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 132, шаҳри Душанбе 126, вилояти Суғд 123 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 18 корхонаи саноатӣ умуман фаъолият накардаанд.