ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк гуфт, шумораи дархостҳо барои гирифтани патент миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар соли 2024 48,7%, афзоиш ёфт.
Ҳамчунин ба гуфтаи хонум Волк дархости барои гирифтани иҷозатнома барои кор низ 26,3% афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин ӯ лова кард, ки дар соли 2024 шумораи санҷишҳои ғайринавбатии нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ гузаронидашуда 2,4 маротиба афзуда, дар натиҷаи он 77,4% бештар ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор карда шудаааст.
"Дар натиҷаи тадбирҳои андешида оид ба пурзӯр намудани назорат аз болои раванди муҳоҷират шумораи огоҳиномаҳо дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки фаъолияти меҳнатиро дар асоси патент ё иҷозатномаи кор, медиҳанд, 48,7% зиёд гардид ва 26,3% афзуд”, - гуфт Волк.
Ба гуфтаи вай, шумораи умумии хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби шӯъбаҳои оид ба масоили муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ба 49,6 миллион адад расидааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти интизомии Русия хабар дода буд, ки дар нӯҳи моҳи соли 2024 шумораи патентҳо додашуда барои кор то 100 ҳазор камшуда 1,6 миллион ададро ташкил додааст.
Дар баробари ин аз аввали соли 2025 қимати иҷозаномаи корӣ ва ё патент дар шаҳри Маскав пойтахти Русия 20 дарсад боло бурда мешавад.
Сар аз моҳи январ қимати патент , ки ҳоло 7400 рубл аст, тақрибан 9 ҳазор рубл мешавад.
Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки сабаби боло бурдани қимати патент баробар кардани хароҷоти корфармоён барои муҳоҷирон ва коргарони рус аст.
Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд ва аксарияти онҳо иҷозанома ё патент мегиранд. Муҳоҷирон борҳо аз қимати баланди патент шикоят мекунанд.
Бояд гуфт, ки патент ё иҷозати кор ба монанди патент ба шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолият дар қаламрави Русия дода мешавад.