Волвач: ИИАО ва Африқо талош доранд ба ҳамкориҳо тақвият бахшанд

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё талош дорад бо мақомоти кишварҳои Африқо барои таҳкими ҳамкорӣ ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Муовини вазири рушди иқтисодии Русия Дмитрий Волвач дар ҷаласаи “ИИАО – Африқо: муайян кардани нуктаҳои асосии ҳамкорӣ”, ки дар чаҳорчӯби конфронси вазирони Форуми Русия-Африқо дар Сочи баргузор шуд, ба аҳамияти амиқтар кардани ҳамкориҳои иқтисодии байни ИИАО ва Африқоро таъкид кард.
БА гуфтаи оқои Волвач кишварҳои ИИАО ва Африқо хоҳиши ҳамкориҳои ҳамгироӣ доранд ва мехоҳанд робитаҳои баробарҳуқуқии иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароит барои тиҷорати одилонаро роҳандозӣ намоянд.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия, дар тӯли солҳои мавҷудияти ИИАО ҳаҷми гардиши мол бо кишварҳои Африқо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Хамин тавр, муомилоти мол бо кишварҳои Африқо 141%, бо бозори умумии Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ — 118%, бо иттиҳоди иқтисодии кишварҳои Африқои Марказӣ — 13% афзуд.
Волвач таъкид кард, ки истифодаи салоҳиятноки механизмҳои ҳамгироии ИИАО ва ассотсиатсияҳои Африқо метавонад ба манфиати мутақобилан барои ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда мусоидат кунад.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ИИАО
"Ҳар як иттиҳодия таҷрибаи беназири муттаҳидшавӣ дорад – чӣ тарифҳои гумрукӣ, стандартҳо, логистика ва ё тадбирҳои ғайритарифӣ", - қайд кард муовини вазир.
Вай афзуд, ИИАО метавонад ба шарикони африқоӣ имкониятҳои зиёде пешниҳод кунад, аз ҷумла дастрасӣ ба бозори афзоянда.
Волвач ба ҳаҷми умумии савдо байни Африқо ва ИИАО бастани созишнома дар бораи тиҷорати озод бо Миср, ки гуфтушунид оиди он дар марҳилаи ниҳоӣ мебошад, таъсири мусбӣ мерасонад.
ИИАО инчунин кӯшиш мекунад, ки бо мақомоти роҳбарикунандаи давлатҳои Африқо барои таҳкими ҳамкорӣ ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.
Айни замон Иттиҳод бо кишварҳои сеюм ва созмонҳо, аз ҷумла Мянмар ва Никарагуа 90 созишномаи шабеҳ ба имзо расонидааст.