ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Сарбозони гурӯҳи нирӯҳои "Шарқ" шаҳри Ровнопол дар Ҷумҳурии мардумии Донетскро таҳти назорат гирифтанд, хабар медиҳад вазорати дифоъ.
"Воҳидҳои гурӯҳи низомии "Шарқ" деҳаи Ровнополи Ҷумҳурии Халқии Донетскро озод карданд", - Қайд кард вазорати дифоъ.
Ровнопол як деҳаи хурде дар сарҳади ҶМД ва вилояти Запорожие аст, ки дар минтақаи канори Времевский ҷойгир аст.
Озодкунии ин деҳа ба сарбозони рус имкон медиҳад, ки ба самти шимол то шоҳроҳи ба самти Великая Новоселка ҳаракат кунанд.
Илова бар ин, низомиёни гурӯҳи "Шарқ" ба ҷузъу томҳои чаҳор бригадаи украинӣ дар минтақаҳои Великая Новоселка, Темировка, Новодонетск ва Зелений Поле дар ҶМД зарба заданд.
Онхо инчунин ду ҳуҷуми ҷавобии гурӯҳҳои ҳамлагари артиши Украинаро дафъ карданд.
Вазорати дифоъ қайд кардааст, ки талафоти душман дар ин самт то 150 нафар сарбозро ташкил медиҳад. Ҳамчунин сарбозони Русия чандин техника аз ҷумла худравҳои ҷангии зиреҳпӯш, мошинҳо ҷангӣ ва тӯпи худгарди сохти фаронсаро нобу карданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.