Дар Тоҷикистон чанд нафар нобино ба сар мебарад ва чӣ шароитҳо доранд?

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар кишвар дар ҳоли ҳозир беш аз 15 ҳазор одамони нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор одамони нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ менамоянд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакони нобино ва қувваи босираашон суст шароит муҳайё гардидааст.
Ба иттилои мақомоти кишвар ҳоло дар назди Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон 11 корхонаи таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Кӯлоб, Бохтар, Ваҳдат, Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Ҷ.Расулов фаъолият доранд, ки дар он нафарони нобино ва қувваи босираашон суст бо кор таъмин мебошанд.
Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 14 мактаб-интернат барои кӯдакони нобино ва сустбин мавҷуд аст.
Тавре мақомоти кишвар қайд кардааст, имрӯз ин нафарон ба таваҷҷуҳ ва дастгирии бештар ниёз доранд.
Маълум шуд, ки расман дар Тоҷикистон чӣ қадар маъюб аст
Ёдовар мешавем, ки 13 ноябр Рӯзи байналмилалии нобиноён дониста мешавад. Ин санаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 1984 бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба ашхоси нобиною қувваи босираашон суст ва ба хотири асосгузори аввалин мактаби маъюбону нобиноён дар ҷаҳон Валентин Гаюи эълон намудааст.
Ҳадафи асосии Рӯзи байналмилалии нобиноён ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба онҳое мебошад, ки биниши худро абадан аз даст дода, дар чунин вазъият қарор доранд.