Коршинос: Диду назари Тоҷикистон нисбати Ҷанги Бузурги Ватанӣ тағйир наёфтааст

Олими тоҷик ахиран гуфт, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон диду назарашро ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ тағйир надодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Муносибати Тоҷикистон ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тағйир наёфтааст.
Дар ин бора мудири шӯъбаи таърихи навини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдулло Ғафуров дар мизи мудаввар дар мавзӯи "Хотираи таърихии Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва ташаккули ҷаҳони бисёрқутбии имрӯза", гуфт.
"Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон муносибат ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ тағйир наёфтааст", - гуфт Ғафуров зимни суханрониаш.
Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар омӯзиши тамоми масоили марбут ба давраи ин ҷанг идома дорад.
"Аз ҷумла, дар даврони соҳибистиқлолӣ китоби шашҷилдаи таърихи халқи тоҷик ба табъ расид, ки ҷилди шашуми он давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ навишта шудааст. Дар ин китоб дар бораи иштироки Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, каҳрамониҳои фиристодагони ҷумҳурӣ, иқтисодиёти мамлакат дар солҳои ҷанг ва ёрии кишвар пурра навишта шудааст", - кайд намуд олими тоҷик.
Вай гуфт, ки аз соли 1995 инҷониб дар пажӯҳишгоҳ ҳар панҷ сол бахшида ба саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ конфронсҳои ҷумҳуриявӣ баргузор шуда, маҷмӯаҳои осори илмӣ ба табъ мерасанд.
Мақомоти Хатлон гуфт ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ қадар кумакпулӣ расонида шуд
Охирин чунин маҷмӯа соли 2015 нашр шуда буд, ки конфронс дар соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус баргузор нашуд.
Ғафуров ҳамчунин гуфт, ки худи ӯ торнамои “Ворисони Ғалабаи Тоҷикистон”-ро роҳбарӣ мекунад, ки дар он ҳама матолибе, ки дар рӯзномаҳо ва интернет дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ нашр мешаванд, бознашр мегарданд.
Илова бар ин, ҳамасола дар остонаи Рӯзи Ғалаба дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва муассисаҳои илмии академия мизҳои мудаввар ва конфронсҳо баргузор шуда, олимони тоҷик дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва мактабҳои тобистона ширкат меварзанд.