Соҳибкорони чинӣ ният доранд дар Хуҷанд аз партов барқ тавлид кунанд

Ширкати чинӣ, ки ки ба тавлиди барқ аз коркарди партов машғул аст, ҳавасманд аст, ки бо вилояти Суғд ҳамкорӣ намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ахиран раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи соҳибкорони Чин, ки дар тавлиди "энергияи сабз" таҷрибаи калон доранд дидору мулоқот кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо гуруҳи соҳибкорон аз Чин бо роҳбарии Ху Сяоян ҳавасмандии вилоятро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо сармогузорон изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст ва вилояти Суғд барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ метавонад бо шарикони хориҷӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ монад.
Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки соҳибкорони тоҷик бо соҳибкорони чинӣ ҳамкории хубу густурда дошта, айни замон лоиҳаҳои гуногунро дар вилоят амалӣ намуда истодаанд.
ДАр ҳамин ҳол, Ху Сяоян иброз дошт, ки ӯ ва ҳамроҳонаш дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тавлиди "энергияи сабз" таҷрибаи калон доранд ва дар ин самт метавонанд ҳамкориро ба роҳ монанд.
Тоҷикистон ва Чин иқтидори "Як камарбанд-як роҳ" -ро муштаракан рушд медиҳанд
Ба таъкиди сармоягузорони чинӣ ширкати онҳо бо истифода аз фановариҳои замони муосир аз боду офтоб ва коркарди партовҳо нерӯи барқ истеҳсол менамояд ва ҳавасманд аст, ки бо вилояти Суғд ҳамкорӣ намояд.
Қайд карда шудааст, ки пас аз мубодилаи афкор ҷонибҳо тарафҳо тавофуқ карданд, ки масъалаи истеҳсоли нерӯи барқ бо коркарди партов дар шаҳри Хуҷанд мавриди омӯзиш қарор гирад.
Зикр гардидааст, ки соҳибкорони чинӣ бо вазъи мавҷуда шинос мегарданд ва дар оянда ҳамкорӣ ба роҳ хоҳанд монд.