ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуд.
Ин дидор дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим доир гардид.
Дар вохӯрӣ президенти Тоҷикистон аз саҳми ин муассисаи илмию таълимӣ дар омода кардани ҳазорон мутахассиси соҳаҳои гуногун ва тарғиби ғояҳои сулҳҷӯёнаву таҳаммулпазир ишора намуда, ба зарурати муттаҳид будани уммати уммати мусулмон дар шароити кунунӣ таъкид кардааст.
Дар ин замина дарки воқеии ҷавонон аз ҳадафҳо ва рӯҳияи аслии дини ислом, ки ҳамоно таҳаммулпазирӣ, накӯкорӣ ва инсондӯстист, муҳим дониста шуд.
Зикр гардид, ки айни замон дар бахшҳои гуногуни муассисаи таълимии “Ал-Азҳар” зиёда аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Раҳмон дар ин робита аҳаммияти танзими таҳсили донишҷӯёни тоҷикро дар асоси қонунгузории ду кишвари дӯсту бародар таъкид карда, изҳори умед кардааст, ки ҳамкории илмиву татқиқотии муассисаҳои таълимию илмии Тоҷикистон ва муассисаи “Ал-Азҳар” густариш хоҳад ёфт.
"Пешниҳод шуд, ки кормандони соҳаи дини Тоҷикистон барои табодули илмию амалӣ ва омӯзиши афкори таҳаммулпазирӣ ба давраҳои таълимии муассисаи Азҳар ҷалб карда шаванд",- афзудааст котиботи раисҷумҳур.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.