ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ҳайати эҷодии хабаргузории байналмилалии Sputnik ва радиои Sputnik-ро бо 10-солагии таъсисёбиаш табрик гуфт.
Роҳбари Русия ба ҳайати эҷодӣ муваффақиятҳои эҷодӣ орзу намуд.
Номаи дахлдор дар сомонаи расмии Кохи Кремлин нашр шудааст.
"Дӯстони азиз, шуморо бо солгарди 10-уми таъсисёбии Агентии иттилоотии байналмилалӣ ва радиои Sputnik табрик мегӯям. Саривақт ва масъулиятшиносона, ангушти худро дар набзи рӯйдодҳои муҳим нигоҳ дошта, хабарҳои боэътимод ва таҳлилҳои амиқро бо корбарон мерасонед ва ҳамеша ба далелҳои тасдиқшуда ва рушан такя мекунед", гуфта мешавад дар нома.
Путин таъкид кард, ки Sputnik барои афроди дорои нуқтаи назари мухталиф дар бораи тамоюлҳои асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Русия ва ҷаҳон минбар медиҳад.
Президент ба ҳайати эҷодӣ муваффақиятҳои эҷодӣ ва тамоми беҳтаринҳоро орзу намуд.
Sputnik як оҷонсии байналмиллалии хабарӣ ва радио аст, ки бахше аз гурӯҳи расонаҳои русии "Россия сегодня" мебошад. Ин расона 10 ноябри соли 2014 таъсис ёфтааст.
Sputnik сомонаҳои интернетиро бо 32 забон, пахши радиои аналогӣ ва рақамӣ дар беш аз 90 шаҳри ҷаҳон ва наворҳои хабариро ба забонҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ ва форсӣ нашр мекунад.
Корбарони Sputnik дар як моҳ тақрибан 50 миллион нафарро ташкил медиҳад, шумораи умумии корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аз 26 миллион нафар аст.