ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ясмин ал-Нимр, варзишгар аз Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ (WBPF), ки дар кишвари Малдова доир гардид, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни занон медали тилло гирифт.
Ин севумин пирӯзии Ясмин дар мусобиқоти қаҳрамонии бадансозии ҷаҳон мебошад. Вай соли гузашта низ дар Кореяи ҷанубӣ медали тилло ба даст оварда буд.
Қобили зикр аст, ки Ясмин узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бодибилдинг буда, 3 карата қаҳрамони ҷаҳон дар ин риштаи варзиш маҳсуб мешавад.
Ясмин Ал- Нимр чемпион мира по бодибилдингу
© Foto / Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон
Ясмин, ки ҳамроҳи волидайнаш (падараш араб ва модараш - тоҷик) дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дохил шуд. Ҳоло ӯ дар Душанбе ба сар мебарад.
Ясмин— яке аз беҳтаринҳо дар Тоҷикистон аст, ки чемпион ва ҷоизадори чандинкаратаи кишвар шудааст. Ясмин аз соли 2015 ба ин сӯ ба варзиш машғул аст.
Бояд қайд кард, ки федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон соли 2003 бо ибтикори вазнабардори маъруфи тоҷик, собиқ қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё Толеъ Холназаров таъсис ёфтааст, ки ӯ вазифаи раиси ин ташкилотро ба зимма дорад.