Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Талафоти Украина дар Курск аз 31 ҳазор нафар гузашт

Воҳидҳои низомии гуруҳи "Марказ" минтақаи аҳолинишини Волченкаи Ҷумҳурии Мардумии Донетскоро аз зери назорати артиши Украина озод карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина тайи шабонарӯзи охир дар самти вилояти Курск беш аз 290 нафарро ташкил дод.
Инчунин се низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина таслим шуданд, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.
Умуман, дар рафти даргириҳо дар самти Курск Украина беш аз 31 ҳазор низомияшро талаф додаст.
Дар зимн нерӯҳои Русия минтақаи ҷадидро дар Донетск озод карданд. Воҳидҳои низомии гуруҳи "Марказ" минтақаи аҳолинишини Волченкаи ҶХД-ро озод карданд, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин ваъда дод, ки вилояти Курски Русияро аз нерӯҳои украинӣ озод мекунанд
Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд.
Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин. Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.