Дар ИИАО шумори бекорон кам шудааст

Шумори афроди бекор дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё зарфи як сол беш аз 866 коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Шумораи афроди бекор дар кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, афроди бекор, ки моҳи сентябр дар хадамоти шуғли аҳолии кишварҳои узви созмон ба қайд гирифта шудаанд, 737,7 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,9% кам шудааст.
Ин дар ҳолест, ки сентябри соли 2023 теъдоди бекорон дар сарорасти иттиҳод 867 ҳазор гуфта мешуд.
Ҳамин тавр ба иттилои манбаъ, шумораи бекорон 0,8% қувваи корӣ дар саросари созмонро ташкил медиҳад.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар соли гузашта ин нишондод 0,9 %-ро ташкил медод.
Таваррум дар ИИАО муътадил шуд
Маврид ба зикр аст, ки дар ИИАО бозори ягонаи меҳнат вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи раҳбари Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Алтинай Омурбекова ба шаҳрвандони кишварҳои узв имтиёзҳои бузург фароҳам месозад, ки чунин аст:
Барои шаҳрвандони кишварҳои ИИАО квотаҳои меҳнатӣ равбт надорад;
Ба онҳогирифтани иҷозати махсуси корӣ лозим нест;
онҳо метавонанд дар давлате кор мекунанд, бидуни кайд 30 рӯз монанд;
ба онхо барои пайдо кардани кор ва бастани шартномаи мехнатй 90 рӯз мууҳлат дода мешавад;
дар сурати пеш аз муҳлат қатъ кардани шартномаи мехнатӣбаъди 90 рӯз барои пайдо кардани кор 15 рӯзи дигар дода мешавад.
Вай инчунин гуфт, ки суғуртаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО ба ҳамон ҳаҷм ва ба ҳамон тартибе, ки барои шаҳрвандони давлати шуғл пешбинӣ шудааст, сурат мегирад.