Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Украина дар самти Курск беш аз 30 ҳазор низомиро талаф дод

Ба гузориши Вазорати дифоъ, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 30 ҳазору 800 сарбози худро аз даст доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Воҳидҳои низомии Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск дар як рӯз беш аз 300 ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Дар ин бора дар гузориши Вазорати мудофиаи Русия аз вазъ дар минтақаи Курск хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, артиши Украина ҳамзамон ду мошини ҷангии пиёданизом, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳамчунин шаш миномёт ва ду истгоҳи ҷанги электрониро талаф дод.
"Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 300 нафар низомиён, ду мошини ҷангии пиёда, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, инчунин шаш миномёт, ду истгоҳи электронии ҷангӣ ва чаҳор мошин буд", - омадааст дар хабарнома.
Илова бар ин Киев, 180 танк, 102 худрави ҷангии пиёданизом, 106 нафарбари зиреҳпӯш, 1063 зиреҳпӯш, 785 мошин, 255 тӯпхонаро талаф дод.
Ҳамзамон душман дар ин самт, 40 системаи мушакӣ, аз ҷумла 11 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА, даҳ партоби системаҳои зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 7 мошини борбардор, 59 истгоҳи ҷанги электронӣ, 12 радари зидди батарея, 4 радари зиддиҳавоӣ, 25 адад техникаи муҳандисӣ, 13 мошини инженерию минатозакуниро аз даст дод.
Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 30 ҳазору 800 сарбози худро аз даст доданд.
Дар умум Киев, 189 танк, 123 худрави ҷангии пиёданизом, 107 нафарбари зиреҳпӯш, 1095 зиреҳпӯш, 833 мошин, 262 тӯпхонаро талаф дод.
Ҳамчунин дар ин самт, 40 системаи мушакӣ, аз ҷумла 11 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА нобуд шуд.
"Амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - таъкид мешавад дар паёми вазорат
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин ваъда дод, ки вилояти Курски Русияро аз нерӯҳои украинӣ озод мекунанд
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.