ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Эрон даст доштанаш ба сӯиқасд ба ҷони мақомоти давлатии Амрикоро беасос хонд.
Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Эрон Исмоил Бағой иттиҳомотро "дасисаи исроилӣ" барои печидатар кардани равобити тарафҳои Амрико ва Эрон хонд.
Тавре хабаргузории Ассошиэйтед Пресс як рӯз пеш хабар дода буд, ФБР иддао кардааст, ки намояндаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гӯё қасди куштори президенти ИМА Доналд Трампро, ки дар интихобот пирӯз шуда буд, доштааст.
"Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Эрон Исмоил Бағой иттиҳомоти мудохилаи Эрон ба сӯиқасд ба ҷони мақомҳои собиқ ва феълии Амрикоро комилан беасос номид ва онро рад кард", - омадааст дар хабари шабакаи расмии телеграми ин вазорат.
Изҳороти вазорат нишон медиҳад, ки Бағоӣ "такрор шудани ин изҳорот"-ро билофосила пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико "дасисаи нафратангези доираҳои мухолифи Исроил ва Эрон барои печидатар кардани равобити ИМА ва Эрон" тавсиф кардааст.
Қаблан худи Доналд Трамп бидуни ироаи ҷузъиёт ва далелҳо Эронро муттаҳам карда буд, ки гӯиё алакай "ҳаракатҳои" мушаххас, вале бемуваффақият алайҳи ӯ кардааст ва метавонад онро такрор кунад.
Трамп таъкид кард, ки ҳеҷ таҳдид ӯро наметарсонад ва гуфт, ки артиши ИМА "назорат мекунад ва интизор" аст, то бубинад, ки вазъ чӣ гуна рушд мекунад.
Дар миёнаҳои моҳи июл Осиф Мерҷанти 46-солаи покистонӣ дар Иёлоти Муттаҳида боздошт ва ба кӯшиши ташкили кушторҳои фармоишии сиёсатмадорон ва мансабдорон дар Иёлоти Муттаҳида муттаҳам шуд.
Тибқи асноди додситонӣ, муттаҳам моҳи апрел аз Эрон дидан карда ва сипас, пас аз расидан ба Амрико, гӯё ба омода кардани кушторҳо шурӯъ кардааст.
Вазорати адлия аз исми қурбониёни эҳтимолӣ ном набурд, аммо расонаҳо тахмин мезананд, ки маҳз ҳамин вазъ боиси афзоиши ҳайати амниятии Трамп дар маъракаи интихобот шудааст.
Теҳрон изҳорот дар бораи нақшаҳои гӯё аз байн бурдани Трампро рад кард.