ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар саҳифаи расмии худ қайд кардааст, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт, ки ду сол тамдид гардида буд, аз аввали соли ҷорӣ ба итмом расид.
Раёсати ВКД пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст, ки баъзе аз шаҳрвандон то ҳол дар манзили истиқоматии худ чорвои гуногун парвариш мекунанд.
“Аз ҷумла, давоми чанд рӯзи баргузории санҷиш, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт беш аз 200-ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳдории ҳайвонот муайян карда шуда, нисбати шаҳрвандон бо моддаи 480 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд”, - қайд кардааст ВКД.
Вобаста ба ин Раёсати ВКД-и пойтахт аз шаҳрвандон талаб кардаааст, ки ҳар чи зудтар камбудҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ба парвариши ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт роҳ надиҳанд, зеро баргузории рейду амалиётҳои санҷишӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаи 480 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ аз 720 то 3 600 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 7 200 то 28 800 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.