Таваррум дар ИИАО муътадил шуд

Бо андешидани чораҳо дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё муътадилшавии сатҳи таваррум ва афзоиши устувории нархҳо ба қайд гирифта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Намояндагони мақомоти ваколатдори кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар семинаре, ки дар қароргоҳи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё баргузор шуд, чораҳои нигоҳдории устувории нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Дар шароити болоравии нархҳои ҷаҳонӣ, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва таҷдиди занҷирҳои таъминоти логистикӣ давлатҳои “панҷгона”-и АвруОсиё барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии таваррум чораҳо андешиданд.
Барои ба эътидол овардани нархҳои истеъмолӣ, Бонкҳои танзимгар меъёри бозӣамвилро дар солҳои охир дар сатҳи баланд нигоҳ доштанд.
Ширинӣ арзон мешавад: дар ИИАО аз афзоиши истеҳсоли шакар гуфтанд
Дар аксари кишварҳои иттиҳод мақомоти ваколатдор барои муваккатан танзими нархҳо барои бархе молҳои муҳими иҷтимоӣ, маҳдуд кардани содироти баъзе навъҳои мол, пур кардани бозори дохилӣ, назорати фоидаи тиҷоратӣ, додани қарзҳои имтиёзнок ва имтиёзҳои андозӣ, инчунин ҷубронпулӣ ба истехсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ чораҳо андешиданд.
Ҳамин тавр, бо андешидани чораҳо дар кишварҳои ИИАО, мӯътадилшавии таваррум ва афзоиши устувории нархҳо мушоҳида шуд.
Дар охири моҳи сентябр сатҳи таваррум дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Арманистон – 0,6%, Беларус – 6%, Қазоқистон – 8,3%, Қирғизистон – 4,9% ва Русия – 8,6%-ро ташкил дод.