ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ба гуфтаи дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев кишварҳои узви Иттиҳодияи Давлатҳи Мустақил лоиҳаи консепсияи ҳамкориҳои низомиро то соли 2030 таҳия доранд, ки ин дар вазъияти кунунии геополитикӣ бисёр муҳим аст.
"Мушаххас аст, ки дар шароити кунунӣ омили муҳими мӯътадилгардонӣ ҳамкориҳо дар соҳаи амнияти низомӣ мебошад, ки мо дар ИДМ ба таҳияи лоиҳаи консепсияи ҳамкории ҳарбӣ то соли 2030 шурӯъ мекунем. Дар он афзалиятҳо ва навгониҳои нав муайян карда мешаванд", - гуфт Лебедев дар нишасти 12-уми роҳбарони шӯроои амнияти кишварҳои узви ИДМ дар Маскав.
Вай афзуд, ки кишварҳои ИДМ бар он ҳастанд, ки омодагии ҷангӣ ва тактикӣ-техникии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Иттиҳодия бояд дар асоси ғанисозии мутақобилан бо таҷрибаи амалӣ ва дастовардҳои илмӣ амалӣ карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласа Кумитаи иҷроияи ИДМ аз ташаббуси Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои эҷоди як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон пуштибонӣ кард.
Консепсияи камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон дар моҳи январи соли 2022 аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайринавбатии СПАД пешниҳод шуда буд.