ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Алҳол дар аксар фурӯшгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он қимати гази моеъ ба 7,2 сомонӣ дакка задааст.
Бино ба гуфти ронандаҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии Хатлон арзиши гази моеъ дар ин манотиқи Тоҷикистон ба 7,4 сомонӣ боло рафтааст.
То ду рӯзи қабл ин навъ маводи сухтро дар шаҳзру навоҳии Суғд бо нархи то 6,8 - 7 сомонӣ хариддан имконпазир буд.
Яке аз роҳбарони ширкати чаканафурӯшии маводи сӯхт баландшавии нархи газро таъйид намуда, мегуянд, ки ин ба нархи воридоти мол вобаста аст.
Мурод Исмоилов, яке аз моликони Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки арзиши яклухти ҳар кило гази моеъ то ба 3 сомонӣ баланд шудааст.
“Ду се рӯз ба ин тараф нархи ҳар килои яклухти гази моеъ аз 10,5 сомонӣ ба 13,5 сомонӣ баланд шуд. Ҳар қадаре, ки нархи воридотии мол баланд шавад, ҳамон андоза қимати чаканаи он ҳам баланд мешавад” – гуфт, роҳбари ширкати Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ.
Арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфт?
© Sputnik
Бино ба таҳлили хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар муқоиса ба моҳҳои қаблӣ ба ғайр аз гази моеъ нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ бетағйир боқӣ мондааст:
Гази моеъ 7,2 сомонӣ;
Бензини АИ 92 – 10,5 сомонӣ;
Бензини АИ 95 – 10,8 - 11 сомонӣ;
Сӯзишвории дизелӣ ё солярка – 11 - 11,5 сомонӣ аст.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
Масъулони идораҳои иқтисод ва савдо дар ҳукумати вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буданд, ки давоми шаш моҳи соли 2024 ба ин вилоят ҳудуди 150 ҳазор тон маводи нафтӣ ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 118% афзудааст.