ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Бар асоси гузориши СММ, ҳам акнӯн дар 12 ҳазор ва 800 ҳектори замин дар саросари Афғонистони хашхош кишт мешаванд ки афзоиши чаҳор баробарии нисбат ба соли гузаштаро нишон медиҳад.
Ин созмон мегуяд, ки кишти хашхош дар соли гузашта, 95% коҳиш ёфт, аммо акнӯн дубора рӯ ба афзоишаст.
Дафтари мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими милали муттаҳид, мушкилоти иқтисодӣ ва набуд бадили муносибро аз авомили афзоиши кишти хашхош дар Афғонистон медонад.
Барасоси гузориши ин созмон, дар соли 2022, 262 ҳзори гектори замин дар Афғонистон, хашхоши кишт мешудааст.
Ғодаҳа Валӣ, раиси дафтари мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид бар зарурати ҷойгзини пойдор барои кишоварзони Афғонистон бо тавваҷуҳ ба чолишҳои мубрами онон таъкид кардааст.
Дар гузориши ин созмон омадааст ки ҷануб - ғарби Афғонистон ба таври суннатӣ маркази кишти хашхошу тирёки ин кишвар будааст.
Ба гуфта ин созмони 59% аз кишти хашхоши Афғонистон дар соли ҷорӣ, дар вилоятҳои шимол - шарқи кишвари сӯрат гирифтааст.
Ин созмон авомили дигари ин афзоиши кишти хашхошро пӯёи бозор, афзоиши баҳоии тирёк ва мушкилоте унвон мекунад, ки кишоварзони кишвар бо онҳо мувоҷеҳ ҳастанд.