ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) то 5 ноябр аз лаблабуи ҳосили нав 4,061 миллион тонна шакар истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (4,006 миллион тонна) 1,5% зиёд мебошад.
Дар ин бора Ассотсиатсияи қанди АвруОсиё хабар додааст.
Ҳоло дар қаламрави ИИАО 66 корхона лаблабуи қандро коркард мекунад, ки аз он 57 корхона дар Русия, 4- корхона дар Белорус, 3- корхона дар Қазоқистон ва ду корхона дар Киргизистон қарор доранд.
То 5 ноябрь 8 корхонаи қандбарорӣ, ки дар минтақаи Краснодар ва Ставропол вокеъ аст, мавсимро анҷом доданд.
Русия 3 миллиону 706 хазор тонна қанд истеҳсол кард, ки ин назар ба соли гузашта 36 ҳазор тонна зиёд аст.
Дар Белорус истеҳсоли маҳсулот 12,4 ҳазор тонна ба 296,2 ҳазор тонна, дар Қазоқистон 5,3 ҳазор тонна ба 20,8 ҳазор тонна расид. Корхонаҳои қанди Қирғизистон низ нисбат ба соли гузашта бештар – 38,3 ҳазор тонна қанд истеҳсол кардаанд, (дар қиёс нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 36,9 ҳазор тонна буд).
Дар соли 2023 кишварҳои узви ИИАО 7,28 миллион тонна шакар истеҳсол кардаанд, ки ин баландтарин сатҳ дар чаҳор соли ахир мебошад. Дар соли 2022 истеҳсол 6,54 миллион тоннаро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.