Аз муносибатҳои дӯстона диди нек дорем: Раҳмон Трампро табрик кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трампро табрик кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, президенти Тоҷикистон дар номаи табрикотиаш ба ояндаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии гуногунҷанбаи судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диди нек намудааст.
“Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро арз менамоям”, -қайд кардааст раисҷумҳур.
Интихоботи президентии ИМА: Трамп аз пирӯзии худ эълон кард – акс
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар номаи худ қайд кардааст, ки рушду тавсеаи пайгиронаи муносибатҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлат мегузорад.
“Ҳамеша омодаем, ки барои пешбурди ҳамкории судманд муколамаи самарабахши байнидавлатии кишварҳоямонро дар сатҳҳои мухталиф идома бахшем”, - қайд кард ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп тансиҳативу саодатмандӣ ва дар фаъолияти кориаш комёбиҳои навин, орзӯ намуа ва ба мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хоҳони сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии шудааст.