Сел сабаб шуд: Бархе қитъаҳои роҳи Душанбе - Чаноқ хароб шуд

Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", ки ба нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ машғул аст, паёмади офати табииро дар ин масир бартараф кардаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Ба иттилои Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", бинобар бориши пуршиддату давомдори борон дар масири Душанбе - Чаноқ сел омада, ба роҳи зикршуда хисороти ҷиддӣ расонид.
“Зарари офати табиӣ, алалхусус дар минтақаи Зарафшон (километрҳои 100 - 108, ҳудудиноҳияиАйнӣ) чашмрас буда, баъзе қитъаҳои роҳ пурра вайрон шуданд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти ин ширкат.
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" қайд кардааст, ки техникаву механизмҳои филиали Ширкат фавран ба маҳалли ҳодиса сафарбар гардида, барои бартарафсозии пайомади офати табиӣ аз тамоми имконият самаранок истифода шуд.
“Ба шарофати чунин тадбирандешии бетаъхир роҳ кушода буда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст”, - таъкид кардааст ширкат.
Даҳҳо ҳазор сомонӣ: Мақомот хисороти офати табиӣ дар ноҳияи Деваштичро ҳисоб карданд
Масири Душанбе - Чаноқ яке аз роҳҳои калидии Тоҷикистон мебошад, ки шимоли ҷумҳуриро бо марказу ҷануб мепайвандад. Ширкати IRS нигоҳдории қариб 348 километр роҳро ба уҳда дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар сокинони ҷумҳуриро аз боришоти зиёд ва омадани сел дар бархе манотиқи Тоҷикитон ҳушдор дода буд.