Раҳмон гуфт барои чӣ бояд ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кард

Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки таъмини амнияти мардум, сулҳу субот ва оромии ҷомеа масъалаи аз ҳама муҳими ҳукумат ба шумор меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар зимни суханрониаш дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таъкид кард, ки дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ Конститутсия нақши муҳим дорад.
“Албатта, расидан ба ваҳдати миллӣ натиҷаи ақлу хиради миллати бостонии тоҷик мебошад ва ба имзо расидани санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошт, нақши арзишманд бозид”, гуфт ӯ.
Раҳбари кишвар таъкид кард, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии миллати фарҳангсолори тоҷик ба мактаби ибратомӯзи ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ мубаддал гардидааст.
Ҷашни Конститутсияи Тоҷикистон: Тафсилоти баҳсу қабули санади тақдирсоз
Вай илова кард, ки шароити пуртазоди замони муосир ва бозиҳои геосиёсӣ, таҳдиди ғояҳои хатарбор ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони имрӯза тамоми афроди ҷомеаро водор месозанд, ки ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
“Ман ҳамеша таъкид менамоям ва итминони комил дорам, ки мардуми фарҳангсолору тамаддунсози мо ба қадру қимати ваҳдат ва сулҳу субот мерасанд ва намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегонаи хатарзо мафкураи ҷомеаи моро таҳти таъсир қарор дода, суботу оромии кишвар ва ваҳдати миллиамонро халалдор созанд”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, омили оромиву осудагӣ, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки имрӯз халқи тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.