ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Русия теъдоди патентҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора нашрияи "Известия" бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.
Ҳамин тариқ, дар 9 моҳи соли 2024 додани иҷозатномаи кор ба коргарони хориҷӣ аз 1,7 миллион то 1,6 миллион коҳиш ёфтааст.
Гап сари шаҳрвандони кишварҳое меравад, ки Русия бо онҳо низоми раводид надорад ба монанди Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон.
Дар ҳамин ҳол, теъдоди патентҳои корӣ ба муҳоҷироне, ки Русия бо кишварҳои онҳо низоми раводид дорад башиддат афзоиш ёфтааст.
Дар ин муддат ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 41% афзоиш ёфтааст. Шумораи умумии иҷозатномаҳо 120,2 ҳазор ададро ташкил дод.
Дар баробари ин мутахассисони баландихтисос 34,9 ҳазор ҳуҷҷат қабул карданд.
Ёдовар мешавем, ки иҷозати кор ба монанди патент ба шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолият дар қаламрави Русия дода мешавад.
Илова бар ин, барои ба кор қабул кардани чунин шаҳрванди хориҷӣ, ширкат бояд нахуст барои қабули кор иҷоза бигирад ва танҳо баъдан ба онҳо санад диҳанд.