Алоқамандии давлати Кувайт ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба Кувайт бо Вазири корҳои хориҷӣ муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва ВКД-и ин кишвар дидору мулоқот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ал-Кувайт дар мулоқот муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ гардид.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро заминаи мусоид барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳои дигар маънӣ доданд.
Раисҷумҳури кишвар доираҳои молиявӣ ва сармоягузории Кувайтро барои иштирок дар татбиқи Лоиҳаҳо дар бахшҳои воқеии иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла саноати сабук, коркарди маъдан ва маҳсулоти кишоварзӣ даъват кард.
Аз танзими қувваи корӣ то тиҷорату сайёҳӣ: Имзои 9 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Кувайт
Ҳар ду ҷониб алоқаманди ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ шуда, имзои Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусиро санади муҳими ҳамкорӣ дар ин соҳа маънӣ доданд.
Зикр гардидааст, ки баргузории Конфронси байналмилалӣ — марҳилаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” иқдоми муҳим дар самти таъмини амну субот арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони мосир ҳамчунин тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайтро зарур шумурданд.
Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Ал-Кувайт бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Раисҷумҳури кишвар дар ин мулоқот таъкид кард, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбад.
Зимни муҳокимаи масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Кувайт дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Раҳмон дар дидор бо амири Кувайт аз самтҳои ояндадори сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфт
Таъкид гардид, ки кишварҳо дар бораи аксари масъалаҳои рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ мавқеъҳои наздик ва ё ҳамсон доранд.
Ҳарду ҷониб ба татбиқи босамари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим изҳори алоқамандӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо дар бораи дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд доштанд.