Дар Суғд наврасон ба кӯмаки пахтачинҳо баромаданд

Наврасони вилояти Суғд бо истифода аз вақтҳои холии худ дар таътили тирамоҳӣ ба кӯмаки пахтачинҳо баромаданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар вилояти Суғд мавсими ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Деҳқонон пеш аз сард шудани ҳаво ба ҷамъ овардани ҳосили пахта мешитобанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз пахтазори яке аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Гафуров дидан кард.
Дар баробари калонсолон наврасони маҳаллӣ низ ба кор баромаданд. Шояд онҳоро маҳз сардшавии ҳаво водор кард, то ба деҳқонон дар ҷамъ овардани пахта кумак кунанд.
Илова бар ин, ҳоло кӯдакон аз дарсҳо озоданд ва тоза ба таътили тирамоҳӣ баромаданд.
Ҳукумати Суғд барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ пахта ситоди вилоятӣ ташкил кард
Ёдовар мешавем, ки соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз нерӯи кӯдакон ҷамъоварии пахтаро расман манъ карда буд.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, имсол дар шаҳру навоҳии ин вилоят дар майдони 52,3 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки нисбат ба соли 2023 7,3 ҳазор гектар зиёд аст.
Тибқи нақша, масъулони ҳукумати вилояти Суғд имсол дар ин қаламрав парвариши беш аз 130 ҳазор тонна панбаро пешбинӣ кардаанд. Вале пахтакорон ба 18—20 сентинерӣ кам шудани ҳосили "тилои сафед"-ро қайд мекунанд.