ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ба давлати Кувайт рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури кишвар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе" ширкат хоҳад кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президентро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, прокурори генералӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки чард рӯз қабл низ раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президентРаҳмон Озода Эмомалӣ ба Кувайт рафта буд.
Вай дар ин сафар бо вазири Девони амирии Давлати Кувайт Шайх Муҳаммад Абдулло ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи барои ҳарду кишвар судманд, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва сайёҳӣ, баррасӣ шудва, таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба тамосҳои сатҳи олию баланди минбаъдаи ду кишвари равона шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Кувайт низ яке аз сармоягузори аслии Тоҷикистон аст, ки тарҳҳо тавассути Хазинаи кувайтии рушд амалӣ мешавад ва Душанбе ахиран хостори тақвияти бештари ҳамкорӣбо ин ниҳоди молӣ шуда буд.