ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷмҳури Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.
Ин Марказ он дорои биною иншооти сершумори таълимию машқӣ, аз ҷумла машқҳои низомии тирандозӣ аз навъҳои гуногуни аслиҳа, машқҳои мухталифи зиддитеррористиву варзишӣ ва шароити муосир барои обутоби руҳию равонӣ ва ҷисмонии ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсус буда, бо истифода аз техникаю таҷҳизот ва технологияҳои навтарини мувофиқ ба талаботи замон муҷаҳҳаз гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин маркази таълимии муосир, тамоми шароити зарурии маишӣ ҳам муҳайё гардидааст, аз ҷумла хобгоҳҳои муҷаҳҳаз, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ҳаммому хушкашӯӣ, ошхонаҳои барҳаво ва хонаҳои истиқоматӣ барои афсарон ва аҳли оилаи онҳо мавҷуд аст.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати фармондеҳии воҳидҳои таъиноти махсуси он барои истифодаи пурсамар аз ин пойгоҳу заминаи воқеан муосири омодагашта дастуру супоришҳои мушаххас
Таъкид гардид, ки ин пойгоҳ бо чунин техникаю таҷҳизот ва ҳама шароити мусоид имкон медиҳад, ки ҳайати шахсии таъиноти махсус ҳамаҷониба ва бо сифати аъло омода карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид дошт, ки вазъи басо мураккаб ва зуд-зуд тағйирёбандаву пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯз аз ҳар як шаҳрванди кишвар, ба хусус кормандону хизматчиёни КДАМ омодагии ҳамаҷонибаи низомию махсус, далерию шуҷоат, ҳисси баланди ватандӯстию садоқат ва фидокориҳоро талаб менамояд.
Боздиди Президенти кишвар аз маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси КДАМ бо расми гузашти ҳайати шахсии он аз назди Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.