Содироти 108 миллиондолларии коло аз Эрон ба Тоҷикистон

Ноиби раиси утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон аз содироти 108 миллиондолларии коло аз Эрон ба Тоҷикистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2ноя — Sputnik. Козими Шердил дар ҷамъи туҷҷори Хуросони Шимолӣ ахиран изҳор кард, ки қаробати фарҳангӣ ва забонӣ яке аз нуқоти боарзиш ва иштирокоти миёни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон аст, ки метавон аз ин зарфият барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ ва муровидот истифода кард.
Мусои Фазлиддин, муовини молии утоқи бозаргонӣ ва санъати шаҳри Душанбе дар идомаи ин ҷаласа баён кардаст, ки Эрону Тоҷикистон ду кишвари ҳамзабонҳастанд, ки ин ҳамзабонӣ кумаки зиёде дар афзоиш муровидот хоҳад дошт.
Вай афзуд, бо эъзоми ҳайатҳои тиҷорӣ аз Тоҷикистон ба Эрон метавон заминаҳои хуби тиҷориро баррасӣ ва сипас бо якдигар кор кард.
Вай идома дод, ки кишвари Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ва сохт корхонаҳои муштараки фазои мусоидиро дорад.
Эрон ба Тоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ бо шароити осон содирот хоҳад кард
Козимӣ, раиси утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодину кишоварзии Хуросони Шимолӣ ҳамчунин дар ин ҷаласа гуфт, ки Эрон ва Тоҷикистон иштирокот фаровонӣ дорад, фарҳанг, расму русум ва забон аз ҷумлаи ин иштирокот аст.
Вай афзуд, ки Хуросони Шимолӣ дар ҳавзаҳои кишоварзӣ, санъату маъдан потансиалҳои хӯбе барои содирот маҳсулот дорад ва бо пазиришу эъзоми ҳайатҳои тиҷорӣ метавон иртиботҳои тиҷориро афзоиш дод.
Ба гузориши хабаргузории ИСНА, ахиран аз кишвари Тоҷикистони як ҳайати тиҷорӣ ба Хуросони Шимолӣ сафар кард ки ин туҷҷор тайи ин сафари бахшҳои мухталифи санъатӣ, маъданӣ ва кишоварзии устонро боздид хоҳанд кард.