Раҳмон ба подшоҳи Испания барқияи ҳамдардӣ фиристод

Бар асари офатҳои табиӣ дар Испания алакай беш аз 200 нафар ҷон бохтаанд ва мақомот метарсанд, ки теъдоди онҳо ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳи Испания Филипп VI барқияи таслият ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матуботи президенти Тоҷикистон хабар дод.
Президент гуфт, Точикистон хабари андӯҳгинро дар бораи талафоти зиёди одамон ва харобиҳои калон дар натиҷаи боришот ва обхезии шадид дар минтакаҳои ҷанубу шарқии Испания бо андӯҳ амик қабул кард.
"Дар ин лаҳзаи душвор ба шумо, наздикон ва наздикони қурбониёни ин офати фоҷиавӣ, ба тамоми мардуми Испанияи дӯст таслият ва суханони самимии худро изҳор менамоям", - омадааст дар паём.
Роҳбари давлат ҳамчунин ба ҳамаи осебдидагон шифои комилу оҷил таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки бар асари боронҳои шадид дар минтақаи Испания дар шаҳри соҳилии Валенсияи Испания тақрибан ду ҳазор нафар бедарак шудаанд.
Дар Тоҷикистон хатари боришот ва селу обхезӣ боқӣ мемонад
Тибқи маълумоти охирин, дар саросари Испания беш аз 200 нафар қурбони обхезӣ шуданд, тақрибан ҳамин миқдор бедарак аст.
Расонаҳо менависанд, эҳтимол теъдоди ҷонбохтагон ба 500 нафар расад
Испания маргбортарин обхезиро дар таърихи муосири ин кишвар аз сар мегузаронад. Сел купрукҳо, мошину роҳҳоро вайрон кард. Ҳазорон нафар дастрасӣ ба обу ғизоро надоранд. Инчунин манотиқи аз ҳама осебдида дар инзивоъ қарор доранд.