ДУШАНБЕ, 02 окт – Sputnik. "Истиқлол" -и Душанбе имсол панҷ бозӣ пеш аз анҷоми қаҳрамонии Тоҷикистон соҳиби унвони чемпионӣ гардид.
Ба иттилои ФФТ, ин даста бо 48 имтиёзи бадастоварда, ба ҳарифони худ имкони мақоми аввал азхуд карданро нагузошт ва ҳамин тариқ пеш аз муҳлат унвони қаҳрамонии кишварро байни дастаҳои Лигаи олӣ соҳиб гардид.
Бояд гуфт, ин сенздаҳумин нишони тилло дар таърихи бошгоҳ аст. Қаблан ин дастаи шаҳри Душанбе дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022 ва 2023 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд.
Манбаъ афзуд, ки дар бозиҳои боқимондаи чемпионати Тоҷикистон-2024 "Истиқлол" бо "Равшан"-и Кӯлоб, "Ҳосилот"-и Фархор, "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, "Эсхата"-и Хуҷанд ва "Барқчӣ"-и Ҳисор вомехӯрад.
Маврид ба зикр аст, ки ин тим дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё дар ҳар се бозӣ аз тимҳои "Ал-Ваҳдат", "Шарҷа" ва "Сипоҳон" дучори шикаст шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ин тим дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё дар ҳар се бозӣ аз тимҳои "Ал-Ваҳдат", "Шарҷа" ва "Сипоҳон" дучори шикаст шуд.
Ҳамин тариқ “Истиқлол” ҳоло бидуни имтиёз ва ягон гол дар зинаи охир аст.