ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Мавлави Абдулкабир, муовини сиёсии раёсатулвузарои ҳукумати Толибон* ахиран дар нишасте гуфтааст, ки равобити сиёсии Афғонистон бо Тоҷикистон дар ҳол беҳбуд аст ва дидубоздиди намояндагони ду тараф бештар шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории TOLOnews.
“Равобити сиёсии мо бо Тоҷикистон дар ҳол беҳбуд аст ва нисбат ба гузашта дар он тафовут омада. Ҳайати онҳо ин ҷой омада ва ҳайати мо он ҷой рафта ва иншоллоҳ, ки рафтуомад бештар ҳам шавад. Тиҷорати мо аз тариқи Шерхон бандар ҳам ҷараён дорад ва мушкил надорем”, - гуфт Муовини сиёсии раёсатулвузрои толибон.
Ин мақоми баландпояи Толибон* афзӯд, ки Аморати Исломӣ бо бархе аз кишварҳои ҳамсоя чолишҳои сиёсӣ дорад.
“Аммо тамомии гузаргоҳҳои бозаргонии Афғонистон барои тиҷорат бо онон бозаст”,- гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунон таъкид кард, ки рӯзона аз гузаргоҳҳое чун Исломқалъа, Турғундӣ, Ҳайратон, Шерхон бандари Нимрӯз бо кишварҳои Эрон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Узбекистон содироту воридот анҷом мешавад.
“Банодири тиҷоратии мо ба рӯй тамоми кишварҳои ҳамсоя боз аст. Дар ҳамсоягии мо агар бо баъзе кишварҳо ҷанҷолҳои сиёсии ҳам вуҷуд дорад, аммо банодири тиҷорати мо бо онон боз аст. Бо Эрон бандарҳои тиҷоратии мо боз аст, ки Нимрӯз Ислом қалъаҳанд. Бо кишвари Туркманистон бандарҳои Турғундӣ ва Оқинаҳ ва бо Узбекстон ҳам бандари Ҳайратон”, - таъкид кард мақомдори толиб*.
Ҳоло пурсиш ин ҷост ки тавсеаи равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои минтақау ҷаҳон чӣ суде ба Афғонистон дорад?
Ин мақомдори толибон таъкид кард, ки дар сурате, ки равобити сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон бо ҷаҳон тавсеа пайдо кунад , албата ки метавонад рӯйи афзоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ таъсироти мусбат дошта бошад ва дар канори он, Афғонистон аз инзивои сиёсӣ берун мешавад.
*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.