Супориши Раҳмон дар бораи тақвияти кори намояндагӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар хориҷ

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ахири ҳукумат ба масъулин барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва дигар масъалаҳои ҳалталаб супоришҳои мушаххас дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумати кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор барои тақвият бахшидани фаъолияти намояндагӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар, вусъат додани ҳамкории байналмилалӣ ва гуногунсамтии муҳоҷират супоришҳои дахлдор дод.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, дар ин маҷлис роҳбари давлат барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои иҷтимоии кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин талаб карданд, ки иҷрои қатъии онҳоро таъмин намоянд.
Ҳамчунин президенти кишвар ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки назоратро барои вусъат додани бунёду таҷдиди иншооти банақшагирифташуда суръат бахшанд ва сифати корҳои сохтмонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Раҳмон хостори қатъи парвандасозиҳо барои лайк ва беҳбуди кори намояндагиҳо дар Русия шуд
Дар маҷлиси ҳукумати кишвар, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири соли 2024 баррасӣ шуд.
Қайд карда шудааст, ки президенти кишвар дар ҷаласа барои ислоҳи камбудиҳо дар назди Ҳукумати кишвар вазифаҳои мушаххас гузошт.
Тибқи иттилои ҳукумат дар 9 моҳи соли ҷорӣ суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 15%, кишоварзӣ зиёда аз 11, хизматрасонии пулакӣ 16, боркашонӣ 15, мусофиркашонӣ ва гардиши савдо 12 ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7% афзоиш ёфта, сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок 3%-ро ташкил намуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои зикршуда, ҳанӯз як қатор камбудиву норасоиҳо вуҷуд дорад.
Супориш дод, ки тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин гардад.
Вай афзуд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 105,4% иҷро гардида, ба буҷет дар маҷмӯъ, 33,3 млрд сомонӣ ворид шудааст.
Раҳмон дар Душанбе иншоотҳои нави таълимӣ ифтитоҳ кард
Роҳбари давлат қайд кард, ки дар кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 334 млн доллар сармояи мустақими хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58% зиёд мебошад.
Вазорату идораҳои марбута барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар дастур гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи вусъат додани раванди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва рақамикунонии пешниҳоди хизматрасониҳо диққати аввалиндараҷа дода, самаранок ба роҳ мондани фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро талаб кард.
Барои татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар супориш дод, ки масъулини Ҳукумати доир ба таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолии амалкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ҳалли мушкилоти корхонаву коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, бартарафсозии монеаҳои сунъиву маъмурӣ ва фароҳамсозии шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар соҳаи энергетика вобаста паст кардани сатҳи талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии маблағи истифодаи он ҳамчун мушкилот вуҷуд дорад.
Раҳмон: Сатҳи камбизоатиро аз 83% ба 21% расондем
Вай супориш дод, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъмин гардида, дар самти ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.
Вазъи соҳаи кишоварзӣ низ дар ҷаласа баррасӣ шуд.
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар ба 52,3 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 11,4 фоиз зиёд мебошад. Вале суръати рушди истеҳсоли баъзе маҳсулоти соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 паст гардидааст.
Вобаста ба ин, кишвардори Тоҷикистон дастур дод, ки ба масъалаҳои сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо ва сабзавоти барвақтӣ, иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, риояи ҳатмии меъёрҳои агротехникии захираи тухмиҳо ва таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифат, инчунин, рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ эътибори аввалиндараҷа дода шаванд.