Русия мақсади ташкили бозори ягонаи энержиро дар қаламрави ИИАО эълон кард

Вазири энергетикаи РУсия ахиран гуфт, ки ҳадафи асосии ташкили бозори ягонаи энержӣ ин қонеъ кардани ниёзҳои дохилии кишварҳои ИИАО мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Вазири энергетикаи Русия Сергей Тсивилев бо вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё Арзибек Кожошев тадбирҳои минбаъдаи ташкили бозорҳои умумии газ, нафт ва маҳсулоти нафтиро дар қаламрави ИИАО-ро баррасӣ карданд.
Багуфтаи оқои Сергей Тсивилев, мақсади асосии ташкили бозори умумии энергетикӣ қонеъ кардани ниёзҳои дохилии кишварҳои ИИАО мебошад.
Ҳамзамон дар ин мулоқот вазирон тадбирҳои минбаъдаи ташкили бозорҳои умумии газ, нафт ва маҳсулоти нафтиро дар қаламрави ИИАО-ро баррасӣ намуданд.
Тсивилев гуфт, ки кишварҳои узви ИИАО дар ҳоли ҳозир тарҳҳои шартномаҳои байналмилалиро баррасӣ доранд, ки заминаи ҳуқуқии рушди бозорҳои умумии энержиро ташкил медиҳанд.
Дар санадҳо шароити оптималии ҳамкории аъзоёни иттиходия, ки дар асоси созишномахои байнихукуматии дутарафа сохта шудаанд, инъикос ёфтаанд.
Қарзи хориҷии ИИАО дар нимсолаи аввал 34 млрд доллар коҳиш ёфт
"Раванди ташаккули бозорҳои умумии энергетикӣ марҳилаи муҳими рушди ҳамгироии авруОсиёӣ мебошад. Ҳадафи асосии ташкили бозорҳои умумии газ, нафт ва маҳсулоти нафтии Иттиҳоди мо ин конеъ гардонидани эҳтиёҷоти дохилии кишварҳои узв бо дарназардошти дараҷаи ҳамгироӣ ба ИИАО мебошад", — қайд кард вазири энергетикаи Русия.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.