Дар шаҳри Хуҷанд аз 60-солагии шоири халқии Тоҷикистон Фарзона таҷлил карданд - акс

Ба ин муносибат дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд конфронси байналмилаии илмӣ - амалӣ оғоз гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки конфронс таҳти унвони "Мақоми Фарзона дар адабиёти муосири тоҷик" дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки шоирону адабиётшиносон ва ҳаводорони шеър аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Эрону Ӯзбекистон ҷараён доранд.
Дар конфронс раиси вилояти Суғд ва дигар масъулини ҳукумат ширкат варзиданд.
Инчунин намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд ташриф овардаанд.
1 / 2
В театре имени Камоли Худжанди проходит конференция на тему "Статус Фарзоны в современной таджикской литературе" с участием поэтов, литературоведов и любителей поэзии из разных стран, в том числе из Ирана и Узбекистана. В конференции приняли участие глава Согдийской области и другие представители правительства.
2 / 2
В театре имени Камоли Худжанди проходит конференция на тему "Статус Фарзоны в современной таджикской литературе" с участием поэтов, литературоведов и любителей поэзии из разных стран, в том числе из Ирана и Узбекистана. В конференции приняли участие глава Согдийской области и другие представители правительства.
Қарор аст, дар ин ҳамоиши илмӣ саҳфаҳои эҷодиёти шоир Фарзона боз карда шавад.
Фарзонаи Хуҷандӣ, аз маъруфтарин шоирони муосири тоҷикба шусор меравад.
Фарзона Хуҷандӣ дорандаи унвони олии "Шоири халқи Тоҷикистон", Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода ва ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аст.
Нашри “Найсон” – китоби нави Фарзона баъди пирӯзӣ бар "вируси корона"-акс
Фарзона, шоираи тоҷик 3-юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олам кушодааст. Хатмкардаи Донишкадаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад.
Нахустин маҷмӯаи ашъорашро бо номи “Тулӯи хандарез” соли 1987 бо пешниҳоди Лоиқ Шералӣ ба нашр расонидааст. То кунун беш аз 20 китоби ашъори Фарзона, аз ҷумла “Қатрае аз Мӯлиён”, иборат аз 3 ҷилд, “Муҳри гули мино” ва “Себарга” ва китобҳои гулчини ашъори ӯ ба забонҳои анлисиву русӣ дар Маскаву Лондон ба чоп расидааст. Дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ ва унвони “Шоираи халқии Тоҷикистон” мебошад.