ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо 11 медали тило ба даст оварданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи умумироссиягии самбо хабар дод.
Мусобиқаҳо аз 24 то 28 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии самбо баргузор шуданд.
Аз рӯи ҷамъбасти се рӯзи қаҳрамонӣ дастаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаҳои гуногун, аз ҷумла 11 тило, 10 нуқра ва 20 биринҷӣ гардид.
Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни устодони ин ришта дар категорияҳои аз 35 то +65-сола баргузор шуд.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 8-10 ноябр дар шаҳри Остона (Қазоқистон) Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо-2024 байни калонсолон баргузор мешавад.
Дар мусобиқа 31 маҷмӯи медалҳо оид ба самбои варзишӣ ва размӣ байни мардону занон ва инчунин оид ба самбои нобиноён байни мардон дар дараҷаи SVI-1 (варзишгарони тамоман нобино) сабқат хоҳанд шуд.