ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон қимати рубл дар қиболи арзи миллӣ каме боло рафтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 110,1 сомонӣ қимат дорад, ки нисбат ба нишондоди қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 0,2 сомонӣ болотар аст.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам рӯ ба афзоиш дорад. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.6565 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,6566 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ ҳам боз гаронтар шуда, рафта ҳар евро 11,5400 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,5044 сомонӣ медоданд.
Маврид ба зикр аст, ки асъори русӣ дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин арзҳо ба шумор меравад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад.
Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.