Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт

Юношеская сборная Таджикистана
Наврасони ҷумҳурӣ мо бо касби нуҳ имтиёз дар гурӯҳи "J" мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бар ҳамсолони худ аз Уммон пирӯз шуд.
Ин озӣ дар варзишгоҳи "Бишан"-и Сингапур имрӯз доир шуда, бо ҳисоби 2:0 ба поён расид.
Ба гузоришиш ФФТ ин пирӯзӣ роҳи яккачини наврасонро ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҳамвор кард.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон ягон бохт надошт.
Сборная Таджикистана по футболу
Барои чӣ бозии дӯстона бо Русия ба тими миллии Тоҷикистон лозим аст: андешаи коршиносон
Бозии ҳангомавии дастпарварони Марко Раҷини бар тимҳои Гуам буд, ки бо 33:0 поён ёфт ва ҳамчунин Тоҷикистон Сингапурро низ 3:1 шикаст дод.
Ҳамакнун наврасони мо бо касби нуҳ имтиёз дар гурӯҳи "J" мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфтанд.
Бозиҳои ниҳоии мусобиқа аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.