Ҳукми ронандаи тоҷик, ки ба садама дучор шуду, 7 мусофираш ҷон бохт, эълон шуд

Дар натиҷаи аз болои пул ба дарё сарозер шудани автобус бо мусофирон 7 нафар ҷон аз даст дод. Ронандаи тоҷик сабаби садамаро ба бетанаффум кор кардан рабт дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Петербург ҳукми ронандаи автобус, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад эълон гардид.
Бо қарори додситонии ин шаҳр ронандаи тоҷик ба 6 соли зиндон маҳкум гардид.
"Ронандаи автобусе, ки ба дарёи Мойка сарозер шуда, 7 мусофир ҷон аз даст дод, ба 6 соли зиндон дар колонияи режими умумӣ маҳкум шуд", - хабар медиҳад дафтари матбуоти додситонии Санкт-Петербург.
Илова бар ин мавсуф пас аз адои ҷазо то 2 солу 6 моҳ ҳаққи рондани воситаи нақлиётро надорад.
Ронандаи тоҷик дар Русия дучори садама шуд ва 8 мусофираш ба ҳалокат расид
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 май дар шаҳри Санкт-Петербург як автобус бо мусофирон аз купрук ба дарёи Мойка сарозер шуд. Зимнан зикр гардид, ки ронанда идораи нақлиётро аз даст дода, ба ду мошин бархӯрда, панҷараро рахна карда, ба об сарозер шудааст.
Наҷотдиҳандагон 9 нафарро аз автобуси ғарқшуда наҷот доданд. Тибқи маълумоти ахири Сарраёсати тафтишотии Русия дар Санкт-Петербург, шумори кушташудагон дар натиҷаи ин ҳодиса ба 7 нафар расид.
Худи ронанда афзуд, ки ин ҳолат натиҷаи кори бетанаффус буд ва ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуд.