Нишасти сарони БРИКС рӯзи 22 октябр дар Қазон оғоз шуда, 24 октябр ба поён мерасад.
Имсол раисии ин иттиҳодияро Русия бар ӯҳда дорад. Шиори саммити БРИКС дар Қазон “Тақвияти бисёрҷониба барои рушди одилона ва амнияти ҷаҳонӣ” аст.
БРИКС қаблан Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Русия ва Африқои Ҷанубиро дар бар мегирифт. 1 январи соли равон Миср, Эрон, АМА, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия ба ин иттиҳодия шомил шуданд.
Таҳлилгарон ин ҳамоишро рӯйдоди калидӣ дар соли 2024 номиданд. Дар он зиёда аз 30 давлат иштирок дорад.
Самтҳои асосӣ ва муҳокимаҳо дар соҳаҳои гуногун гузаронида мешаванд. Асосан иқтисод ва сиёсат. Гуфтугӯҳо барои ҳамкорӣ ва шарикии кишварҳо дар тӯли тамоми саммит сурат мегирад.