ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ дар корхонаи Tusaş дар ҳошияи пойтахти Туркияро шадидан маҳкум мекунад.
Дар ин бора дар баёнияе, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр кардааст, омадааст.
Ин ниҳод ба хонаводаҳои кушташудагон дар фоҷеа изҳори ҳамдардӣ кардааст.
“Мо хабари фоҷиаеро, ки дар корхонаи Tusaş дар Анқара рух додааст, бо эҳсоси андӯҳи амиқ қабул кардем. Тоҷикистон ин ҳамлаи террористиро, ки боиси кушта ва захмӣ шудани аҳолии осоишта шудааст, шадидан маҳкум мекунад”, - омадааст дар матн.
Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст.
Ҳамлаи террористӣ рӯзи 23 октябр дар ноҳияи Қаҳрамонқазони канори Анқара, ки дар он корхона ва иншооти Tusaş ҷойгир аст, рух дод.
Дар ин ҷо маҳсулоти фазоиву кайҳонӣ, паҳбодҳо ва яроқ истеҳсол карда мешаванд. Ду террористи мусаллаҳ маводи таркандаро мунфаҷир карда, бо посбонҳо вориди тирандозӣ шуданд.
Ду ҳамлагарро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз байн бурданд. Додситонии кулли Анқара ба таҳқиқи ҳамлаи террористӣ шурӯъ кардааст.
Тибқи маълумоти ахир, панҷ нафар кушта ва 22 нафар маҷрӯҳ шудаанд.