Бохти "Истиқлол" идома дорад: аз "Ал-Ваҳдат" ҳам шикаст хӯрданд

Ҳамин тариқ дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ҳоло бидуни имтиёз ва ягон гол дар зинаи охирон қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё дастаҳои “Истиқлол” аз тими "Ал-Ваҳдат”- и Урдун шикаст хӯрд.
Бозии ин ду даста дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир шуд ва футболбозони тоҷик бо ҳисоби 0:1 аз дастаи ҳариф мағлуб шуданд, хабар медиҳад ФФТ.
Ягона голро аз дастаи рақиб Баҳа Файсал дар дақиқаи 51-ум ба самар расонд.
Манбаъ афзуд, ки футболбозони тоҷик дар ин вохӯрӣ имкониятҳои зиёди голзанӣ доштанд, лек онҳоро истифода бурда натавонистанд.
Черевченко: "бозӣ бо "Ал-Ваҳдат" мушкил аст, аммо мо бояд ғалаба кунем"
Ин бохти сеюми пайиҳами “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё буд. Дар ду бозии қаблӣ "Истиқлол" -и Душанбе аз “Шарҷа” (0:1) ва “Сипоҳон” (4:0) мағлуб шуд.
Бозиҳои ояндаи “Истиқлол” дар Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё дар сафар бо “Ал-Ваҳдат” , “Шарҷа” ва дар хона муқобили “Сипоҳон” баргузор мегарданд.
Ҳамин тариқ “Истиқлол” ҳоло бидуни имтиёз ва ягон гол дар зинаи охир аст.
"Шарҷа” бо 7 имтиёз дар зинаи аввал ва “Ал-Ваҳдат” ҳам бо ҳамин имтиёз ва таносуби тӯбҳо дар зинаи дуюм аст. “Сипоҳон” бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.