Дар Тоҷикистон чор рӯзи оянда барфу борон меборад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор дод, ки бинобар номусоид шудани ҳаво дар кишвар эътимоли сар задани офатҳои табиӣ, садамаҳои нақлиётӣ ва тахриб шудани роҳу пулҳо аз эҳтимол дур нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Аз 23 то 27 октябр ҳавои Тоҷикистон номусоид шуда, боридани борон ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр боридани барф пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар дод.
Манбаъ афзуд, ки давоми панҷ рӯзи оянда ҳарорати ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон 10-12 дараҷа паст мефарояд.
Харитаи минтақаҳои хатарноки Тоҷикистон таҳия мешавад
Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо бинобар боронгарӣ эҳтимоли сар задани обхезӣ, зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар баланд аст.
Илова бар ин, бар асари обхезӣ тахриб шудани роҳу пул низ аз эҳтимол дур нест.
Манбаъ зикр намуд, ки бинобар боришоти шадид ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо эҳтимоли зери об мондани қитъаҳои наздиҳавлигӣ, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ, иморатҳои ёрирасон мавҷуд аст.
Кумита аз шаҳрвандон даъват намуд, ки қоидаҳои оддии бехатариро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд.