Шералӣ Мирзо ба тамринҳои "Рубеж-2024" дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

Барои таҳкими амнияти марзҳои ҷанубии СПАД чораҳо андешидан лозим аст, ки таҳдидҳои беруна вокуниши мувофиқро тақозо мекунанд, мегӯяд вазири дифои ҷумҳурӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба натиҷаҳои машқҳои низомии Рубеж-2024, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузор шуд, баҳои баланд дод.
Ин машқҳо рӯзҳои 16-21 октябр дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" дар ҷануби Тоҷикистон баргузор шуданд.
"Ҳайати шахсии воҳидҳо кори аъло анҷом дода, супоришҳои ҷангиро пурра иҷро намуда, маҳорати баланди касбӣ, ҳаракатнокӣ ва ҳамкории возеҳ нишон доданд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Шералӣ Мирзо, гурӯҳҳои террористӣ ва неруҳои ифротӣ аз ниятҳои тахрибкоронаи худ даст накашида, дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла дар наздикии минтақаи масъулияти СПАД фаъолияти худро идома медиҳанд.
Ҳамаи ин шароити кунунӣ аз мо тақозо мекунад, ки вокуниши мувофиқ, аз ҷумла зарурати андешидани чораҳо барои таҳкими амнияти марзҳои ҷанубии СПАД талаб мекунад", - гуфт вазири дифои Тоҷикистон.
Дар Тоҷикистон марҳилаи фаъоли тамринҳои СПАД "Рубеж - 2024" оғоз шуд
Вай гуфт, ки солҳои ахир дар тактикаи амалиёти ҷангӣ тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайваста, хусусияти амали гурӯҳҳои мухталифи террористӣ тағйир меёбад, онҳо дорои василаҳои нав ва силоҳҳои муосир мебошанд.
Сардори вазорати дифоъ таъкид кард, ки кишварҳои узви СПАД дар муқовимат бо таҳдидҳои муосир ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ таҷрубаи қобили мулоҳиза андӯхтаанд, ки дар қарору асноди қабулшуда дар доираи ин созмон инъикос ёфтааст.
Дар тамриноти муштараки “Рубеж-2024”, ки рӯзҳои 16-21 октябр дар наздикии марз бо Афғонистон баргузор шуд, контингентҳои низомии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, гурӯҳҳои фаврии Ситоди муштарак ва котиботи СПАД ширкат доштанд.